Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

РАЧАБОВ

Ҳануз 21 сол қабл халқи тоҷик бори аввал Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқй қабул намуд. Ин муҳлат барои таърих тулонй набошад ҳам, дар ин муҳлат Конуни асосӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт. Ин санади тақдирсоз имкон фароҳам овард, ки дар ҷомеа ягонагии сиёсй пойдор гардида, вазифаҳои давлат баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян

карда шавад.
Пеш аз ҳама ва муҳим он аст, ки ҳаёт дурустии принсииҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, собит намуда, нишон дод, ки онҳо ҷавобгуи мақсаду мароми мардуми кишвар мебошад. Конститутсия истиқлолияти давлатро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард.
Дар ин самт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд кардааст, ки : «Рузи шашуми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқй қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурй дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирузии демократия дар Тоҷикистон мебошад.»
Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олй дониста, ба ҳар кас ҳифзи судии ҳуқуқи ва манфиатҳояшро кафолат додааст.
Пас аз қабули Конститутсия дар сохтори давлатии Тоҷикистон якчанд дигаргуниҳо ба вуқуъ пайваст, ки яке аз онҳо ислоҳот дар ҳокимияти судӣ мебошад. Яке аз ҳадафҳон ислоҳоти судй ин дар амал татбиқ шудани принсипи тақсими ҳокимият мебошад, ки ҳокимияти судиро дар қатори ҳокимияти иҷроия ва қонунгузорй ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатй эътироф менамояд. Дар ҳаёти кунунии Тоҷикистон барои ҷомеа татбиқи асосҳои конститутсионии ҳокимияти судӣ хеле зарур мебошад, яъне ҳокимияти судй бояд воқеан ҳуқуқу манфиатҳои ҳамагонро ҳимоя намуда, адолатро пойдор намояд.
Марбут ба ин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи мустакили ҳокимият эътироф намудааст, ки он баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати судӣ, бунёди ҷомеъаи демократию ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад.

Раиси суди
ноҳияи Файзобод: Раҷабов С.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий