Тағйироти кадрӣ

ЧАНОБ111 (6)          Санаи 22.10.2015 сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул дар мақомоти суди ба вазифаҳо таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Дар мақомоти судӣ раисон, муовинони якум ва муовинони судҳо ва судяҳои суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Чкалов, Истиқлол, Ваҳдат, ноҳияҳои Роштқалъа, Вахш, Қумсангир, Спитамен, Рӯдакӣ, Ҳисор, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон, муовини раиси суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, роҳбари Дастгоҳи Суди Олии ҷумҳурӣ ва роҳбари Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои

Аксари кадрҳои ба вазифаҳои суд таъингардида ҷавонон мебошанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилона, бо дарки баланди масъулият ва дасту виҷдони пок амалӣ намудани вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид кард, ки масъалаҳои вобаста ба таъмини адолати судӣ ва баланд бардоштани мавқеи суд дар ҷомеа ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти давлат қарор дорад.

Бо дарназардошти муҳиммияти ин масъала дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъулияти таъмини амнияти ҷомеа, ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, волоияти қонун ва манфиатҳои милливу давлатӣ меистад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба қабули санадҳои танзимкунандаи фаъолияти судҳо изҳор дошт, ки бо мақсади таъмини кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ҳуқуқу озодии онҳо як силсила қонуну санадҳо, аз ҷумла Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 қабул шудааст, ки ба тақвияти минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва таъмини қонунияту адолат мусоидат хоҳад кард.

Оид ба ғамхории пайвастаи давлат ва Ҳукумати кишвар дар самти таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ бошад, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки аз ҳисоби фонди захиравии Президенти мамлакат воҳидҳои кории иловагии судяҳо ва дар судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе ва Суди Олӣ коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъсис дода шудаанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки ҳар як корманди мақомоти судӣ ҳангоми иҷрои рисолати бошарафи суд бояд ҷиҳати доғдор накардани номи пурифтихори корманди мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ азму талош ва ҳисси баланди инсонӣ зоҳир намояд.

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори таассуф таъкид намуд, ки имрӯз ҳолатҳое низ ба назар мерасанд, ки худи судяҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст ба кирдорҳои номатлуби коррупсионӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ зада, шаъну шараф ва эътибори вазифаҳои пурмасъулияти худро доғдор месозанд.

Аз ин лиҳоз зарур аст, ки сафҳои судяҳо аз шахсони тасодуфӣ, нолоиқ ва шубҳанок тоза карда шаванд.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки ҳангоми таъин кардани мутахассисони ҷавон ба мақомоти судӣ ба масъалаи савияи дониш,  малакаи касбӣ ва ахлоқӣ шоистаи мансаби ишғолкарда ва намунаи ибрати ҷомеа будани онҳо аҳамият дода шавад.

Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодгардидаро, ки аксар ҷавону соҳибтаҷрибаанд, ба таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон даъват намуданд ва ба онҳо хизмати содиқона ба халқи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро орзу карданд.

 

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий