Тағйироти кадрӣ дар мақомоти судӣ

ЧАНОБ111 (6)      Санаи 11-уми январи соли 2016  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор    кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият  таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур  пазируфт.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба тозагӣ дар мақомоти судӣ таъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намуд.

Ҳамин тариқ, Розиқзода Хуршед раиси суди ноҳияи Рашт, Усмонзода Шоғуфрон муовини якуми раиси суди вилояти Бадахшон, Бурҳониён Маъруфҷон муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Садриддинзода Насрулло муовини раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, Олимзода Улфат Розиқ судяи суди вилояти Хатлон, Одинаев Ҳусайн Нуруллоевич судяи суди иқтисодии вилояти Бадахшон, Холиқзода Абдуҳаким Абдуваҳоб судяи суди ноҳияи Рашт ва Бадалзода Маҳмуд Муҳаммадалӣ судяи суди ноҳияи Ҷиргатол таъин гардиданд.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий