Дузд намедонистааст, ки дар филиалҳои «Амонатбонк» пули нақд нигоҳ намедоранд

РАЧАБОВ

 

 

 

 

 

 

Суди ноҳияи Файзобод дар маҷлиси ошкорои суди сайёр сокини 31- солаи деҳаи Б. Бурунови шаҳри Ваҳдат Содиқзода Лутфуллои Эмомалиро, ки пеш бо моддаи 244, қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда буд, бо ҷурми дуздӣ дар асоси моддаи 244 қисми 2 бандҳои «а» ва «г»- и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр аз озодӣ маҳрум сохт.
Ҷинояткор шаби 20 апрели соли 2016 бо мақсади дуздӣ ба бинои №19/659-и «Амонатбонк»-и ҷамоати деҳоти Қади оби шаҳри Роғун даромада, 300 сомонӣ пули нақдро, ки ба корманди бонки мазкур Расулзода Аслиддин тааллуқ доштааст ва 3 адад корти пластикӣ, як адад дастгоҳи модем, як адад камераи мушоҳидавиро тасарруф намудааст.
Инчунин шаби ҳамон рӯз номбурда бо мақсади дуздӣ ба бинои №145, «Амонатбонк»-и ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод даромада, 60 сомонӣ пули нақдро рабудааст. Ҷинояткор намедонистааст, ки дар филиалҳои «Амонатбонк» пули нақд нигоҳ намедоранд, аз ин сабаб ӯ ба мақсади асосиаш нарасидааст. Аммо дар натиҷаи шикастану корношоям кардани камераҳои назоратӣ ба бинои №19/659-и «Амонатбонк» ба маблағи 4024 сомонию 37 дирам ва ба бинои №145-и «Амонатбонк» 4517 сомонӣ зарар ворид намудааст, ки тибқи ҳукми суд маблағи зарари расонидааш рӯёнида мешавад.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий